Noble Quran » ?????? » Books » Асосҳои сегона

  • Асосҳои сегона

    Эй бародари азиз Аллоҳ таъоло туро мавриди лутфу ризвонаш қарор диҳад. Яқин бидон бар ҳар як мусалмон ва мусалмон зан лозим аст, ки се масъаларо ба яқин бидонад ва ба муқтазои онҳо амал кунад. Ва ин китобча ин се амалро барои шумо баён мекунад.

    Formation : محمد بن عبد الوهاب

    From issues : Сомонаи Донишгоҳи Исломии Мадинаи Мунаввара

    Source : http://www.islamhouse.com/p/465

    Download :Асосҳои сегонаАсосҳои сегона

Random Books

  • Шарҳи осони ақидаи таҳовӣБарои ҳар кор асос ва зербино лозим аст. Илми ақида ҳам асосу таҳдоби ҳамаи корҳо ва илмҳо мебошад, зеро, ки бидуни он некбахтии дунё ва мақбулияти аъмол ба даргоҳи Худованд имконпазир нест. Аз ҳамин ҷиҳат уламои гузашта илми ақидаро муҳимтарин ва сароғози тамоми улум мегуфтанд ва инчунин мусалмононро барои омўзиши он ташвиқу тарғиб менамуданд ва ҳатто донистани он - «ақидаи тавҳид»-ро бар ҳар зану марди мусалмон фарзи айн мешумориданд... . Аммо баъд, китоби ҳозир шарҳи мўҷазест дар баёни ақидаи аҳли суннат ва ҷамоъат, ки эшон дар мазҳаби фақиҳони бузурги уммати Ислом, Абўҳанифа, Нўъмон ибни Собити Кўфи ва Абуюсуф, Яъқуб ибни Иброҳим Ансори ва Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбони мебошанд. Ақидаи саҳеҳи онҳоро имом Абўҷаъфари Таҳови дар ҳаҷми китобе тадвин намуда, ки воқеъан он хело ҷолиб ва муфид гардидааст. Ҳақиқатан тамоми уммати Ислом матни ақидаи Имом Таҳовиро хуб пазируфтанд ва шарҳу таълиқоти зиёд барояш навиштанд, ки баъзеашон тибқи далоили суннати набави шарҳ намуда ва баъзе дигар дар шарҳ намудан тариқаи мутакаллимин (аҳли каломро) дунбол гирифтанд. Яке аз бузургтарину судбахштарини он шарҳҳо шарҳи Имом Абулъиззи Ҳанафи мебошад, ки ў дар шарҳи худ се мулоҳизаи ислоҳҷўёна бар соҳиби «Ақидаи Таҳови» ирод фармудааст.

    Formation : Муҳаммад Абдурраҳмон Алхумайс

    Translators : Абдулҳалим Ъорифи

    Source : http://www.islamhouse.com/p/288179

    Download :Шарҳи осони ақидаи таҳовӣШарҳи осони ақидаи таҳовӣ

  • Гавҳари барчида аз маҳосини дини ИсломИн рисола баёнгари баъзе аз маҳосини дини мубини Ислом мебошад.

    Formation : Абдурраҳмон ибни Носир Ассаъди

    Source : http://www.islamhouse.com/p/228542

    Download :Гавҳари барчида аз маҳосини дини ИсломГавҳари барчида аз маҳосини дини Ислом

  • Саду як қиcса аз ҳаёти Абубакри Сиддиқ (Худованд аз У рози бод)Дар ин китоб беҳтарин намунаҳо аз лаҳзаҳои ҳаёти босаъодати ин марди наҷиб Абубакри Сиддиқ (Худованд аз У рози бод) бо ҳамроҳии Паёмбари Худо ва дигар саҳобагони киром аз ахлоқи накўву писандида, садоқату вафодори, дўстию рафоқат ва олитарин нишонаи меҳру садоқат, исор ва аз худгузари дар баробари дўст, гирдовари гаштаанд.

    Formation : Муҳаммад Алминшови

    Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин

    Source : http://www.islamhouse.com/p/305041

    Download :Саду як қиcса аз ҳаёти Абубакри Сиддиқ (Худованд аз У рози бод)

  • ХУШБАХТТАРИН ЗАН ДАР ОЛАМИн китоб номаи пурмасъулиятест аз самими қалби пурмуҳаббати муаллиф барои тамоми занҳо, хусусан модарон ва хоҳарони мусулмон. Ин китоб номаи пурмўҳтавоест, ки ақл онро пазируфта ва шариати исломӣ онро роҳнамоӣ кардааст. Бешак, ин нома ҳар як зани мўъмин ва фозилро ба оғоз намудани зиндагии беҳтару босаодат фаро мехонад. Ба сўйи зиндагие мехонад, ки пур аз орзуву ҳавасҳои нек асту осудахотирию оромиро кафолат медиҳад. Ба сўйи зиндагие мехонад, ки саросар қаноату яқин, виқору ҳаё, ифтихору комёбӣ, муҳаббату улфат ва унсгирӣ бо зикру ёди Худои меҳрубон мебошад.

    Formation : Оиз ибни Абдуллоҳ Ал-Қарни

    Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин

    Source : http://www.islamhouse.com/p/327119

    Download :ХУШБАХТТАРИН ЗАН ДАР ОЛАМ

  • ТАЪРИХИ ХУЛАФОИ РОШИДИН: АБУБАКР (Р) ВА УМАР (Р) (зиндагонӣ, футуҳот, шаҳодат)Ин китоб роҷеъ ба зиндагинома, футуҳот, корномаи ду шахсияти бузурги таърихи ислом ва башарият, саҳобагони гиромӣ: Абубакр (р) ва Умар (р), ки ҳардуяшон хулафои рошидин ва падарарўсони (хусурони) Паёмбари ислом, ҳазрати Муҳаммад (с) буданд, ба забони фасеҳу ширини форсии тоҷикӣ нақл мекунад.

    Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин

    Source : http://www.islamhouse.com/p/333924

    Download :ТАЪРИХИ ХУЛАФОИ РОШИДИН: АБУБАКР (Р) ВА УМАР (Р) (зиндагонӣ, футуҳот, шаҳодат)ТАЪРИХИ ХУЛАФОИ РОШИДИН: АБУБАКР (Р) ВА УМАР (Р) (зиндагонӣ, футуҳот, шаҳодат)

Choose language

Choose Sorah

Choose tafseer

Participate

Bookmark and Share