Noble Quran » ?????? » Books » Аркони Имон
Аркони Имон
Аркони Имон, рукни аввали имон, ва ягонагии Худованд, ва парастиши Худованди ягона ва маънои калимаи шаҳодат, ва навъҳои ширк, ва маънои ибодат, ва далелҳои воридшуда дар Қурону суннат дар бораи ягонагии Худованд, ва дигар гуфтаниҳо дар мавриди ягонагии Худованд, инҳо мавзуъҳое ҳастанд ки ин китобча дар бар гирифта аст.Formation : Маркази таҳқиқоти илми, Донишгоҳи исломии Мадинаи Мунаввара
Reveiwers : Мусъаби Ҳамза
Source : http://www.islamhouse.com/p/268472
Random Books
- Саду як қисса аз ҳаёти Умар ибни Хаттоб (Худованд аз У рози бод)Китоб фарогири қиссаҳои пурҳикмат ва ибратомўз аз ҳаёти рўзмарраи босаодати халифаи сеюми мусулмонон амирулмўъминин Умар ибни Хаттоб (р) мебошад. Китоб барои доираи васеи ҷавонон, донишҷўён ва толибилмони мадориси динӣ, аҳли зиё ва оммаи мусулмонон тақдим мегардад.
Formation : Муҳаммад Алминшови
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/321608
- Даҳ ёри биҳиштӣДар ин китоб асосан, дар бораи ҳаёту фаъолияти даҳ саҳобаи гиромии Паёмбари акрам (с), ки бо номи «ашараи мубашшара» ё худ «даҳ ёри биҳиштӣ» маъруфанд, маълумот дода шудааст. Ва он саҳобагон: Абубакри Сиддиқ Умар ибни Хатоб Усмон ибни Аффон Али ибни Абитолиб Талҳа ибни Убайдуллоҳ Зубайр ибни Аввом Абдурраҳмон ибни Авф Саъд ибни Абуваққос Саъид ибни Зайд Абуубайда ибни Ҷарроҳ.
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/330947
- ТавҳидИн китоб дарбаргирандаи фанни тавҳид буда, барои шогирдони мадориси ибтидои муқаррар шудааст. Дар он муҳимтарин мавзўъҳои тавҳид бо услуби кутоҳ ва равшан баён гардидааст. Китоби мазкур муҳимтарин масоили тавҳид ва яктопарастиро фаро гирифта, дорои фавоиди гаронбаҳои тарбияви ва ахлоқист.
Formation : عبد العزيز بن محمد آل عبد اللطيف
Translators : Абдулҳалим Ъорифи
From issues : Муассисаи Вақфи Исломи
Source : http://www.islamhouse.com/p/212764
- Нигоҳи нав ба таърихи садри ИсломИн китоб як фатрае аз муҳимтарин фатраҳои торихи исломиро дар бар мегирад, ва он ҳам : Баъд аз вафоти Паёмбари Ислом то соли 61-и ҳиҷри (то кушта шудани ҳазрати Ҳусейн –Худо аз он рози бод-) мебошад. Дар фасли нахустини ин китоб дар бораи он ки таърихро чи гуна бояд омўхт ва равиши Имом Муҳаммад Ҷарири Табари роҷеъ ба таърихи Ислом баён шудааст. Фасли дуввуми ин рисолаи пурарзиш дар бораи биъсати Расули акрам (с) ва ҳодисаҳои пас аз вафоти Расули акрам (с) то соли 61-и ҳиҷрии қамари рўйдода, маълумот медиҳад ва достону ривоятҳои дурўғин ва сохтаро гўшзаду таъкид месозад ва ҳақиқати ҳолро арзёби мекунад. Фасли саввуми ин китоб ба мавзўъи адолати саҳобагон (р) ба истинод аз Қуръон ва Суннат бо баёни муҳимтарин шубҳаҳое, ки дар мавриди онҳо эрод шуда ва баёни ҳақиқат дар ин маврид бахшида шудааст. Дар фасли чаҳорум ва хотимавии рисола муаллиф ва пажўҳишгари варзида қазияи хилофати исломиро мавриди барраси қарор дода, бо овардани далелу бурҳонҳои қотеъ шарҳу тавзеҳоти ғаразнок ва ғайривоқеъии як қатор муҳаққиқонро рад мекунад.
Formation : Усмон ибни Муҳаммад Ал-Хамис
Source : http://www.islamhouse.com/p/212768
- ЗАКОТ ВА ҶОЙГОҲИ ОН ДАР НИЗОМИ ИСЛОМЗакот дар миёни панҷ рукни бинои Ислом яке аз се рукни муҳимтарини он ба шумор меравад, ки мавҷудият ва бақои имон ва исломи банда ба онҳо вобастагӣ дорад. Агар яке аз ин се рукн халалдор гардад ва ё аз байн биравад, имон ва исломи банда низ ба ҳамон андоза осеб мебинад ва ё комилан аз байн меравад. Калимаи шаҳодат ба манзалаи дарвозаест, ки инсон бо гуфтани он вориди бинои Ислом мегардад. Табиъист, ки бе таҳаққуқ ва мавҷудияти он, яъне бе шаҳодат додан ба ягонагии Парвардигор ва ба паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с) ҳеҷ гуна имоне барои банда ҳосил намешавад.
Formation : Абдушшариф Боқизода
Source : http://www.islamhouse.com/p/326724












